Муҳимтарин ахбори ҷаҳон
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»).- Мухолифон дар Венесуэла аз натоиҷи интихоботи президентӣ, ки рӯзи 14-уми апрел дар ин кишвар сурат гирифта буд, изҳори норозигӣ карданд.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -Президенти Арманистон Серж Саргсян имрӯз аъзои нави ҳукуматашро таъйин кард.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -Созмони тадқиқотии WealthInsight рӯйхати шаҳрҳоеро , ки миллиардерҳои бештар доранд, нашр кард. Ню –Йорк бо доштани 70 миллиардер ва Маскав бо 64 миллиардераш зинаҳои якуму дуюмро касб кардаанд. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки барои рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Қирғизистон ба ин кишвар 16, 5 миллион доллар ҷудо мекунад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Полиси Исроил муфтии Байтулмуқаддас Муҳаммад Ҳусайнро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳое, ки дар маркази таърихии шаҳр сар зада буд, дастгир кард. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Шумораи кушташудагон дар ҳодисаи суқути маркази савдо дар Бангладеш ба 750- нафар расид. Тарҷумаи Баҳманёр Муродов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






