Муҳокимаи муносибати БИР ба беҳдошти истифодаи барқ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ҳошияи ҳамоиши 38 — уми ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки аз 18 то 22 май дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, 20 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» семинар дар мавзӯи «Нерӯи устувори барқ барои мубориза бо камбизоатӣ» баргузор гардид.Ноиби президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Тиктик кори семинарро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи муносибати Бонки исломии рушд ба беҳдошти дастрасӣ ба нерӯи барқ сухан ронда, зикр намуд, ки мубориза бо камбизоатӣ дар кишварҳои аъзои бонки мазкур самти асосии стратегии ҳуҷҷати «Назар ба ояндаи Бонки исломии рушд то соли 2020» ба шумор меравад.Муовини аввали вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов дар навбати худ иштирокдорони семинарро бо лоиҳаи CASSA (КАССА) — 1000 муфассал шинос карда, изҳори умедворӣ намуд, ки Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаи мазкур минбаъд ҳам фаъолона ҳамкорӣ намуда ва онро дастгирӣ хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






