Муаррифгарони синамои тоҷик дар «Кинотавр»
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Филми «Дар интизори баҳр»-и коргардони маъруфи синамои тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар синамобазми XXIV-уми «Кинотавр», ки моҳи июн дар Сочии Русия баргузор мешавад, иштирок мекунад. Ин хабарро сомонаи расмии ин синамобазм пахш карда, ҳамчунин дар он гуфта мешавад, ки имсол дар кинофестивал 12-филми пурраметраж ва 21-филми кӯтоҳметраж намоиш дода мешавад.Филмҳои қаблии Бахтиёр Худойназаров, амсоли «Бародар», «Қош ба қош», «Падари маҳтобӣ» дар арсаи байналмилалӣ маъруф ва ҷавоизи зиёдеро ҳам соҳиб шуда буданд. Ҳамчунин дар бахши филмҳои кӯтоҳметражи ин синамобазм коргардони ҷавони тоҷик Рустам Шоазимов низ бо филми «Хорсаро» иштирок хоҳад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






