Муаррифии барномаи мубориза бо маводи нашъаовар
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар»). – 16 май дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати ҷилавгирии истеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷараёни ҷаласа «Барномаи миллии ҷилавгирии нашъамандӣ ва кӯмаки наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2017» муаррифӣ гардида, лоиҳаи дурнамои кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати ҷилавгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013, ҳамчунин масоили механизми татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандӣ барои солҳои 2013 — 2020 бо василаи тарҳрезии барномаю нақшаҳои чорабиниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бунафша Одинаева зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар партави таҳияи барномаҳои минбаъдаи давлатӣ ва Фармони Президенти кишвар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандӣ барои солҳои 2013 – 2020 тарҳрезӣ шудаанд.Аз рӯи натиҷаи ҷаласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






