Мукофоти КВД «ТАЛКО» барои коргарони беҳтарин
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Турсунзода кормандони беҳтарини корхонаи мазкур, ки аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввали соли 2013 дар озмун барои дарёфти унвони «Гурӯҳи беҳтарин», «Басти беҳтарин» ва «Коргоҳи беҳтарин» пирӯз шудаанд, мукофотонида шуданд. Ин чорабинӣ тайи солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст роҳандозӣ шуд. Тавре ки роҳбари дафтари матбуоти КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» Саёҳат Қодирова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, барои муайян намудани ғолибон комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки он Низомномаи озмун барои дарёфти унвонҳои зикршударо тарҳрезӣ намуд.Акнун ҳар сол озмунҳо барои дарёфти унвони «Гурӯҳи беҳтарин», «Басти беҳтарин» ва «Коргоҳи беҳтарин» байни коргарони корхона доир намуда, ғолибон бо байрақҳои сайёр ва ифтихорномаҳо қадр карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






