Мулоқот бо хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти кормандони Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ бо муштариён баргузор гардид.Дар он сардори шуъбаи пешгирии нашъамандии Марказ Асадулло Шарапов, сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Комрон Ёқубов ва мутахассиси шуъбаи пешгирӣ Таҳмина Исматова роҷеъ ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа – нашъамандӣ ва пешгирии он андешаронӣ намуданд. Муштариёни фаъоли китобхона – донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи А.Осимӣ ширкати фаъолона доштанд.Ҳамчунин ҳозирин ба суолҳои хеш атрофи масоили мазкур посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар фарҷоми мулоқот ба иштирокдорон оид ба бемории нашъамандӣ ва пешгирии он варақаҳои гуногуни дорои тавсияҳои мутахассисон барои волидайн зери унвони «Чӣ тавр кӯдакони худро аз нашъамандӣ ҳимоя намуд?», «Роҳи дуруст ё тарки одат» ва «Қоидаҳои асосии пешгирии нашъамандӣ дар байни занҳо» тақсим карда шуд, ки онро Маркази миллӣ омода намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






