Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар»). – Бо мадади Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳри Краснодар мулоқоти мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Саймуддин Мирзоев бо намояндагони ҷамоаҳои минтақавӣ ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргузор гардид.Саймуддин Мирзоев дар ҷараёни мулоқотҳояш ба ҳозирон аз тағйироти охирини қонунгузории федератсияи Русия дар бахши муҳоҷират, қоидаҳои буду бош дар ин кишвар ва фаъолияти қонунӣ нақл кард. Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза рӯ овардан ба масоили ҷавонон ва истифодаи қудрати интеллектуалиию ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои рушди устувори давлату ҷомеа маҳсуб меёбад.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






