Мулоқот дар «Чароғи ҳидоят»

Май 6, 2013 11:28

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси кумита Мавсума Муинова бо ҷавондухтарони Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар мавзӯи «Зан-модар сарчашмаи ҳаёт» доир гардид.Муовини раиси кумита ба донишҷӯдухтарон туҳфаҳои кумита- лавозимоти варзишӣ, аз ҷумла шашка, шоҳмот, тӯби волейбол, сеткаи волейбол, тенниси рӯи миз ва 20 адад куртаи занонаро тақдим кард. Барномаи фарҳангии аз ҷониби ҷавондухтарони донишҷӯи ин даргоҳ таҳияшуда ба чорабинӣ шукуҳи идона бахшид. Ҳадафи чорабинӣ дар замири насли ҷавон эҳсоси баланди миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҷодкорӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талқин намудан аст, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун шаҳрвандони сазовор ва намояндагони шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Май 6, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш