Мулоқот дар музофоти Қазвини Эрон

Май 22, 2013 12:13

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо даъвати Палатаи савдою саноат ва маъдану кишоварзии музофоти Қавини Эрон муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев аз ин кишвар боздид ба амал овард.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин сафар муайян намудани имконоти ҳамкории тиҷоратӣ, дарёфти самтҳои афзалиятнок, ҷалби сармоягузорон ба ҳамкорӣ ва рӯи кор овардани равобити аҳли тиҷорати музофоти Қазвин бо Тоҷикистон аст.Асаналӣ Карамалиев ҳангоми сафараш бо раиси палатаи музофоти Қазвин ҷаноби Кишоварз масоили ҳамкории палатаҳо дар амри ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо, сафари ҳайатҳои тоҷирон ва ғайраро мавриди муҳокима қарор дод. Ба манзури шиносоии муфассал бо имкониятҳои музофоти Қазвин сафари Асаналӣ Карамалиев ба шаҳрҳои Албурзу Меҳробод ва боздид аз корхонаҳои тавлиди маҳсулоти ширию қаннодӣ, мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, маснуоти алюминӣ ва техникаи тиббӣ ташкил карда шуд. А.Карамалиев ҳамчунин бо ҳокими музофоти Қазвин ҷаноби Аҷам мулоқот анҷом дода, дар ҷараёни он аз мақсадҳои сафараш ва самтҳои ҳамкорӣ нақл кард. Ҷаноби Аҷам пешниҳодро дар мавриди рушду густариш бахшидани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфт.Аз рӯи натиҷаи сафар Созишнома дар бораи ҳамкории байни палатаҳои Тоҷикистон ва музофоти Қазвин имзо шуд.

Май 22, 2013 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд