Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо И.Шимонович
Душанбе, 23 май (АМИТ «Ховар»).- 22 майи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимоновичро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои тавсияҳои абзорҳои СММ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон, тасвиби санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ислоҳоти низоми судӣ дар кишварро мавриди муҳокима қарор доданд. Ёвари Дабири кулли СММ ба сиёсати Тоҷикистон, ки ба рушди минбаъдаи демократия, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ равона гардидааст, баҳои баланд дод. Вазири корҳои хориҷӣ ба И.Шимонович дар бораи пешниҳод гардидани номзадии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2015-2017 маълумот дод. Дар интиҳо ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории шарикии самарабахш дар соҳаи ташвиқ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон изҳор намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






