Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Бонки давлатии рушди Чин
Душанбе, 19 май (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин мулоқоти судбахши дигар бо Раиси Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан анҷом дод.Аз рушди назарраси ҳамкорӣ, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ин бонк бо Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонки Тоҷикистон изҳор карда шуд.Тавре зикр гардид, барои ғанӣ гардондани сандуқи қарзии Амонатбонки Тоҷикистон аз ҷониби Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 20 миллион доллари амрикоӣ ва 33 миллион юани чинӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо гардидааст.Доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои зиёди судбахш дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон тавофуқот ҳосил шуд.Пас аз анҷоми мулоқот созишномаи сеҷонибаи қарзӣ миёни ширкати муштараки Зарафшон, Бонки рушди Чин ва ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин ба имзо расид. Тибқи ин санад аз ҷониби Бонки рушди Чин ба ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин барои тавсиаи фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон 140 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо карда мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






