Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири молияи Афғонистон
Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).- Дар вохӯрӣ бо Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умар Захирва масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ барои ҷалби сармоя ба татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ, аз ҷумла доир ба пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии ду кишвар, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ зоҳир гардид.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ду кишвари дӯсту ҳамсоя сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






