Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири молияи Мамлакати Арабистони Саудӣ
Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).- Зимни суҳбати пурмуҳтаво бо Вазири молияи Мамлакати Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ муҳокима шуд.Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф паёми Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдуазизро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, изҳор дошт, ки роҳбарияти олии ин кишвар ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дорад.Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ба наздикӣ миёни ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя ба имзо расида, ба рушди бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ мегузорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






