Мулоқоти кормандони АНММ бо муттасадиёни Роҳи оҳан
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз,22-юми майи соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кишвар бо мутасаддиёни хадамоти бехатарӣ, бригадирҳо ва роҳбаладон, инчунин воҳидҳои таъмирии КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» мулоқот доир карданд. Дар ин бора аз агентии мазкур хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ба иштирокчиён маълумот оид ба вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар вохӯрии номбурда инчунин кормандони раёсати фаврию ҷустуҷӯӣ ва шуъбаи тафтишотии агентӣ иштирок намуда, дар бораи қонунвайронкуниҳои вобаста ба маводи мухаддир дар роҳи оҳан маълумот доданд. Ҳангоми натиҷабарории мулоқоти мазкур намояндагони роҳбарияти роҳи оҳан миннатдорӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки барои бурдани корҳои ошкорсозии алоқаманд бо қочоқи маводи мухаддир дар нақлиёти роҳи оҳан зарурати пурзӯр кардани ҳамкории ҳамаи хадамоти дахлдор, аз ҷумла милитсия ва агентӣ ба миён омадааст, то ки дигар ба ҳолатҳои интиқоли мухаддирот ба воситаи роҳи оҳан роҳ дода нашавад.Мақсад аз вохӯрии мазкур пурзӯр намудани назорати самти пешгирии интиқоли маводи нашъадор тавассути нақлиёти роҳи оҳан мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






