Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири молияи Кувейт
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувейт Зубайдулло Зубайдов бо аъзои ҳайати Комиссияи байниҳукуматии Кувейт бо роҳбарии муовини вазири молияи ин кишвар Халиф Мусоид Ҳамад мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаи марбут ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Комиссияи якуми байниҳукуматии Тоҷикистону Кувейт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






