Мулоқоти Ш.Саид ва ҳайати шаҳри Дунгуан
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 28 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва ҳайати шаҳри Дунгуани музофоти Гуандуни Чин бо роҳбарии Яо Дэхун баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбари ҳайати Чин дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки мақсади сафари ҳайат иборат аз гузаронидани гуфтушунид дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ ва шиносоӣ бо бозори Тоҷикистон аст.Шариф Саид дар навбати худ аз бахшҳои мухталифи ҳамкории судманд бо Чин, иштирок дар намоишгоҳҳои Қошғару Урумчи ва пайвастани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат нақл кард. Раиси Палатаи савдо ва саноат ҳамчунин зикр намуд, ки яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти палатаи савдо доир намудани намоишгоҳу ярмаркаҳо ва ғайра мебошад. Мавсуф ба меҳмонон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ ташкил намуда ва дар намоишгоҳҳои дигари Тоҷикистон иштирок кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






