Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 27 май (АМИТ «Ховар»).-Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо сипас дар музокироти расмӣ ва нахустин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон намунаи ҳамсоягии наку, дӯстии боэътимод ва эҳтироми мутақобила мебошад» ва афзуд, ки «мо ин анъанаҳои некро пурарзиш медонем ва барои таҳким ва ғанигардонии бештари онҳо пайваста ҷаҳду талош мекунем».Алмазбек Атамбаев боздиди расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизстон «марҳиласоз» номида, барои ҳусни ниятҳо доир ба дастгирии эътидолу суботи Қирғизистон ва ҳамкории босамар арзи қадрдонӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки муносиботи хайрхоҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми хоса касб намудаанд.Ба сатҳ ва сифати робитаҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки соли 2012 мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Қирғизистон 60% афзудааст ва тамоюли афзоиши он идома дорад.Ҳарду ҷониб барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳанӯз истифоданашуда дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, илму техника ва фарҳанг омодагии устувори худро таъкид доштанд.Барои ин ба кор даровардани механизмҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва беш аз пеш фаъол намудани ду комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва доир ба мушаххассозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.Бо ишора ба ҳамрангии манфиатҳои минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва ҳалли масоили минтақавии нақлиётию транзитӣ ҳамгироии худро ҳамоҳанг намуда, тақвият мебахшанд.Мувофиқа ҳосил шуд, ки нишасти дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор карда шавад. Ҳамчунин қарор карда шуд, ки сатҳи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадии давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон то ба сатҳи Муовини сарвазир аз ҳарду ҷониб бардошта шавад.Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






