Мунтахаби наврасони кишвар нахустбозиашро мусовӣ анҷом дод
Душанбе,24 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустбозии дӯстонаи худ бо дастаи наврасони Баҳрайн бозиро мусовӣ анҷом дод.Бозии мазкур, ки шоми дирӯз,23-юми май дар варзишгоҳи Ал-Муҳаррақ баргузор шуд,ҳарду даста тавонистанд ба дарвозаи худ ду голӣ сар диҳанд. Ҳамин тавр, ҳисоби бозӣ 2:2 мусовӣ анҷом ёфт. Дастаи наврасони Тоҷикистонро дар ин бозӣ мутахассиси ҷопонӣ — Чикиши Сузуки роҳбарӣ мекард.Гуфта мешавад, ки тими мунтахаби наврасони кишвар барои тамрин тӯли як ҳафта дар Баҳрайн мемонад.Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Баҳрайн як бозии санҷишии дигар анҷом медиҳад ва баъдан барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии Ҷоми Каспий ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон меояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






