Муроҷиатномаи Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҳангоми сафар намудан ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳатман бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар намоянд. Ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ аз соли 2006 инҷониб сафар кардан бо шиносномаҳои дохилӣ ба кишвари Қазоқистон манъ шудааст. Бояд тазаккур дод, ки яке аз масъалаҳои мубрами рўз ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ буда, инчунин ба онҳо дастрас намудани маводи иттилоотӣ оид ба тартиби барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти корӣ ва будубош дар хориҷи кишвар мебошад. Аз ин рў, хоҳишмандем шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми сафар ба ин кишвар ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






