Муштарии 3 миллионуми «Вавилон» соҳиби «Hyundai» гардид
Душанбе, 11 май. (АМИТ«Ховар», Сафоева Маҳина). Имрӯз, 11 майи соли 2013 Саодатбахт Султонмамадов, истиқоматкунандаи кӯчаи Ленини шаҳри Хоруғ, ки ҳамчун ҳамшираи шафқат дар Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» кӯдакони маъюбро нигоҳубин мекард, ба шабакаи «Вавилон-Мобайл» пайваста, муштарии 3 миллионуми ин ширкат гардид. Дар маросими тантанавии ба ин муносибат доир шуда раиси Асотсиатсияи алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Иркаев, намояндаи ширкати «HUAWEI» дар Тоҷикистон Лю Цзян ва якчанд нафар меҳмонони дигар ширкат варзида, Саодатбахтро барои чунин саодати бахт табрик гуфтанд ва ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Директори генералии ширкати «Вавилон – Мобайл» Беҳзод Файзуллоев дар вазъи тантанавӣ Султонмамадова Саодатбахтро табрик гуфта, дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма ба ӯ калиди автомашинаи тамғаи «Hyundai Accent» ва сертификат барои 3 000 000 сонияҳои ройгонро тақдим намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






