Мусодираи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Зимни амалиёти махсус кормандони мақомоти амнияти миллӣ ҳаракати ҷинояткоронаи гуруҳи муташаккили нашъаҷаллобро, ки ду аъзои он ҳангоми содиршавии ҷиноят дар муассисаи иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ қарор доштанд, пешгирӣ намуда, аз онҳо 52 килограмм маводи мухаддирро мусодира карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд. Тавре ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карданд, шаҳрвандон Бадриддинов Садриддин Бӯриевич ва Шарипов Муродҷон Шарбатович, ки дар муассисаи ислоҳии ЯТ № 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ адои ҷазо менамоянд, бо шаҳрванд Алиев Шараф Шарифович дар хусуси дастрас намудани маводи мухаддир созиши ҷиноятӣ бастаанд. Сипас, тибқи маслиҳати пешакӣ, Алиев Шараф маводи мухаддирро аз ҳудуди ҷамоати «Озодӣ»-и ноҳияи Қумсангир гирифта, онҳоро тавассути мошини шахсиаш ба шаҳри Душанбе интиқол медиҳад. Рўзи 24 апрели соли равон дар натиҷаи амалиёт дар ҳудуди кўчаи ба номи Федини шаҳри Душанбе шаҳрванд Алиев Шараф Шарифович боздошт карда шуда, аз бордони воситаи нақлиёти ў 3 халта бо 52 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 35 килограмму 430 грамм афюн ва 16 килограмм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Дар ҷараёни идомаи амалиёт бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, аъзои дигари гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоб Раҳматуллоев Ховаршо Анваршоевич ва Бадриддинов Қосимҷон Бӯриевич низ боздошт шуданд.Дар айни замон нисбат ба ҳодисаи мазкур бо дастрасии моддаи 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






