«Нақши матбуот дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон»
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи матбуоти даврӣ мулоқоти сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ зери унвони «Нақши матбуот дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар чорабинӣ муовини директори китобхона Ҳуриннисо Ализода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов сухан гуфта, роҷеъ ба ҳамкориҳои тарафайн ва роҳҳои судманди робита байни китобхона ва рӯзномаву маҷаллаҳо андешаҳои иштирокдорони ҷамъомад шунида шуд. Дар ҳамоиш ба суолҳои чанде аз иштирокдорон роҷеъ ба автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар китобхона масъули бахш — муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нодир Мирзоев посух дод.Лозим ба ёдоварист, ки хазинаи шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 734 ҳазору 810 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 313 ҳазору 80 адад маҷалла, 990 ҳазору 17 адад нашрияи давомдор ва 219 ҳазору 93 адад рӯзномаро дар бар мегирад. Дар шуъба феҳристи матбуоти даврӣ ва нашрияҳои давомдор вуҷуд дорад. Хадамоти истифодабарандагон дар толори хониш ва дигар қисмҳои сохтори китобхона ба амал оварда мешавад. Дар бойгонии шуъба рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ, аз соли 1932 ва бо забони русӣ аз соли 1930 нигоҳ дошта мешаванд. Аз нашрияҳои ватанӣ ба шуъбаи матбуоти даврии китобхона нусхаҳои электронӣ дастрас гардидаанд ва воридоти онҳо идома дорад.Махзани китобхона бо китобу рӯзномаву маҷаллаҳо асоси пешрафти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб рафта, асоси маънавии ҳама гуна тараққиётро ба вуҷуд меорад, ки дар ин раванд саҳми шуъбаи матбуоти даврӣ низ назаррас аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






