Намоиши аксҳои низомӣ дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ибтикори роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҶТ дар якҷоягӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе доир ба дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар даврони истиқлолият намоиши аксҳои низомӣ баргузор гардид. Дар намоиш аксҳои Хусрав Аминов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳомии Ватан» пешкаши тамошобинон гардид. Дар ҷамъомад сардори раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сайдамир Розиқов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов, нависанда Мирзо Насриддин суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки намоиши мазкур ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас равона гардидааст. Дар ҳар як акс лаҳзаҳои хотирмон ифода ёфтаанд, ки шахсро ба ватандӯстӣ ва дӯст доштани марзу бум ҳидоят мекунад. Мақсад аз ташкили намоиши аксҳои низомӣ- шинос намудани ҷавонон бо ҷараёни хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Ин аввалин намоиши аксҳои низомӣ дар ҷумҳурист.Хусрав Аминов фаъолияти хизматиашро соли 1997 ҳамчун мухбири ҳарбӣ оғоз намудааст ва дар натиҷаи хидмати софдилонаву самимӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ ҳамчун мухбири ҳарбӣ дар бисёр машқҳои низомӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он баргузор мегарданд, фаъолона ширкат мекунад .








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






