Намоиши муштараки ҳунармандони тоҷику озарӣ

Май 20, 2013 15:12

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 19 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон намоиши либреттои Муҳаммад Фузулӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» ва либреттои Кароматулло Олимов «Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино» баргузор гардид. Дар намоиш ҳунармандони озар Узейр Гаджибеков, Назокат Теймурова, Мансур Ибрагимов ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ширкат намуданд.

Май 20, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш