«Нашъамандӣ – падидаи номатлуби ҷомеа»-ҳамоиш
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз бо ибтикори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши иттилоотию маърифатӣ дар мавзӯи «Нашъамандӣ – падидаи номатлуби ҷомеа» бо иштироки кормандон ва хонандагони китобхона баргузор гардид. Дар он бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода сухан гуфт. Директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ Хушбахт Ҳасанов таҳти унвони «Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нашъамандӣ» мулоҳизаронӣ намуд.Ҳамзамон маърӯзаҳои сардори шӯъбаи пешгирии нашъамандии маркази мазкур Асадулло Шарапов доир ба «Пешгирии нашъамандӣ ва намудҳои вобастагӣ аз маводи нашъаовар» ва мутахассиси пешбари ин шуъба Таҳмина Исматова оид ба «Роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, табобат ва барқарорсозӣ» шунида шуданд.Иштирокдорони ҳамоиш роҷеъ ба масъалаҳои шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ дар байни ҷавонону занон ва роҳҳои пешгирии он мулоҳизаронӣ намуда, ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.Дар доираи чорабинӣ муррифии намоиши адабиёт таҳти унвони «Зиндагӣ бидуни нашъамандӣ» баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуотии Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова иттилоъ дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






