«Насли созанда» дар Кўлоб 20 000 ҷавонро ба ҳам овард

Май 27, 2013 14:05

Кӯлоб, 27 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- 25 майи соли 2013 дар шаҳри Кўлоб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамоҳангии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кўлоб дар сатҳи баланди ташкилӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Насли созанда» гузаронида шуд. Мутобиқ ба хатсайр меҳмонону иштирокчиёни он сараввал аз муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кўлоб боздид анҷом доданд, ки дар он ҷо дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Кўлоб оид ба самту соҳаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуда буданд. Ғайр аз ин дар ин ҷо намоиши китобҳо ва маҷаллаҳои ҳизбӣ, инчунин дастовардҳои ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва ихтироъкорони ҷавон намоиш дода шуданд. Дар доираи аксияи мазкур дар Боғи фарҳанг ва фароғати шаҳри Кўлоб намоиши ҳаёти рўзмарраи кўдакони кўдакистонҳои шаҳри Кўлоб баргузор гардид, ки боздид аз онҳо дар арафаи «Рўзи байналмилалии кўдакон» муҳимтарин иқдом буд. Гузашта аз ин, барои меҳмонон зиёрат аз оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боиси болидаруҳӣ ва боздид аз осори чандинасраи таърихии атрофи марқад боиси дарёфти ғизои маънавиашон гардид. Қисмати асосии аксияи «Насли созанда» дар майдони «Амфитеатр»-и шаҳри Кўлоб доир шуд. Зикр шуд, ки ҲХДТ ва ниҳодҳои зертобеи он тавонистанд амалишавии муваффақонаи «Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2010-2015»-ро таъмин сохта, заминаҳои хеле ҳам қавӣ ҷиҳати пурра ва саривақт амалишавии барномаи мазкурро босамар истифода баранд. Бояд гуфт, ки шумори умумии иштирокчиёни аксияи мазкур ҳудуди 20 000 нафар аъзою ҳаводорони ҲХДТ-ро ташкил намуд.

Май 27, 2013 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!