«Насли созанда» дар ноҳияҳои Нурободу Рашт
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Чанде пеш аксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Насли созанда» дар ноҳияи Нуробод бо баргузории намоишгоҳи дастовардҳои ноҳия, намоишгоҳи ҳунарҳои бадеӣ, ғолибони олипиадаҳои фаннӣ, дастовардҳои варзишӣ ва ҳамоиши васеъ бо иштироки ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳия оғоз гардид. Дар ҳамоиш муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ва узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси ноҳияи Нуробод С.Сиямардов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар анҷоми ҳамоиш ба як гуруҳ ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Баъдан бо иштироки аксари сокинони навоҳии Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва шаҳри Роғун аксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Насли созанда» дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳпаймоии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, мӯзгорӣ, касбию техникӣ бо парчамҳои Тоҷикистон ва ҲХДТ оғоз гардид. Дар варзишгоҳи ноҳия дар доираи чорабиниҳо мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гӯштингирӣ, карате-до, тенниси рӯи миз ва футбол байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардиданд. Аксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби кулли сокинони навоҳии минтақаи Рашт хуш истиқбол гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






