Нигаронии шаҳрдорӣ аз вазъи риояи танзими расму оин
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе зимни як ҷаласа аз вазъи риояи танзими расму оин дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст. Зикр шуд, ки мутаассифона, натиҷаи санҷишҳои муштараки бахшҳои танзими расму оин ва дигар мақомоти марбутаи шаҳрӣ собит месозанд, ки рӯзҳои охир зимни баргузории ҷашну маъракаҳо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон ва дигар хизматчиёни давлатӣ ба чашм мерасад. Аз ин рӯ шаҳрдории Душанбе дар ин самт мақомоти прокуратураи шаҳрро дастур додааст, ки баҳри таъмини иҷрои якхелаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва халалдор накардани оромии сокинон оид ба риояи регламенти шаҳр аз тарафи субъектҳои хизматрасонию фароғатӣ бидуни ягон хотирбинӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд. Дар ҷаласа ҳамзамон масоили таъмини волоияти қонун ҷиҳати истифодаи замин, беҳдошти вазъи хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ дар ташкилоту идораҳои шаҳрӣ матраҳ гаштанд. Инчунин масъалаи риояи фарҳанги ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи пойтахт ва омодагиҳои шаҳрдорӣ ба таҷлили ҷашни Ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






