Нишони тиллои Дилшод Назаров дар Бразилия
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия медали тилло ба даст овард. Дилшод Назаров дар ин мусобиқа гурзро ба дурии 78 метру 49 сантиметр андохтааст. Дар ин мусобиқа Лукаш Мелих (Ҷумҳурии Чех) бо натиҷаи 77,49 м соҳиби медали нуқра ва Симон Сиолковски (Лаҳистон) бо натиҷаи 77,20 м барандаи медали биринҷӣ гардиданд.Ин мусобиқа бахше аз силсилаи сабқатҳои Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук — Grande Premio Brasil Caixa de Atletismo ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои гурзандози тоҷик дар мавсими имсола дувум буд. Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров рӯзи 5-уми май дар мусобиқоти байналмилалии Seiko Golden Grand Prix дар Токиои Ҷопон бо натиҷаи 77 метру 61 сантиметр сазовори ҷои дувум шуда буд. Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук мусобиқоти Grand Prix-ашро аз соли 2009 ба ин сӯ доир мекунад. Ҷоми даъвати ин иттиҳодияи варзишӣ дар маҷмӯъ аз 16 сабқат иборат аст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






