Низоми кредитӣ мушкилот пеш меоварад?
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ташаббуси кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 21-уми майи соли равон конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Низоми кредитӣ: бартарият ва норасоиҳои он» доир шуд. Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар конфронс таҳлили психологию педагогии низоми кредитӣ, усулҳои навини таълиму тарбия дар низоми кредитӣ, мушкилиҳои омода намудани омӯзгорони оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ Ш.Маҳмудов дар мавзӯи «Таҳлили психологию педагогии раванди таълим дар низоми кредитӣ» зикр кард, ки бартарияти низоми кредитӣ дар он аст, ки барои дарсҳои амалӣ ва КМРУ (корҳои мустақилона бо роҳбарии устод) соати зиёд ҷудо шудааст. Бояд мутахассисе тайёр намоем, ки дар мамолики дигар низ фаъолият карда тавонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки усулҳои пешрафтаи таълимро ба роҳ монем. Сипас, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С.Расулов дар мавзӯи «Хусусиятҳои психологӣ-педагогии мутобиқшавии донишҷӯён ба низоми кредитӣ» маърӯза кард. Мавсуф таъкид дошт, ки бо вуҷуди афзалиятҳо низоми кредитии таҳсилот як силсила душвориро низ пешорӯи мутахассисон меоварад, ки аз ҷиҳати психологӣ муҳимтаринаш омода набудани донишҷӯён ва аксари устодон ба ин низом мебошад. Аз ин ҷиҳат, тавсия медиҳем, ки дар ҳар донишгоҳ курси махсус бо номи «Муқаддимаи низоми кредитии таҳсилот» ташкил шавад.Ба ақидаи Т.Саидова, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, барои таҳсил дар ин низом ҳар як донишҷӯро мебояд, ки технологияи муосирро хуб омӯзад. Дар конфронс, ки кори худро дар бахшҳо идома дод, 19 маърӯза шунида шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






