Оғози сафари расмии Э. Раҳмон ба Қирғизистон

Май 27, 2013 17:54

Душанбе, 27 май (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.Хотиррасон бояд намуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя ва дорои ҳамрангиҳои зиёди ҷуғрофию табиӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд.Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамин рӯз дар бустонсарои Алаарчаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши формондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 27, 2013 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд