Оғози сафари расмии Э. Раҳмон ба Таиланд
Душанбе, 17 май (АМИТ «Ховар»).-Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд оғоз ёфт.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти ин кишвар шаҳри Бангкок Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини сарвазири Таиланд, Вазири маорифи он Понгтэп Тэпканяна ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Хотиррасон бояд намуд, ки Таиланд дар нимҷазираи Ҳиндухитой, ҷанубу шарқи қитъаи Осиё қарор дошта, яке аз давлатҳои дорои таъриху фарҳанги куҳан ва иқтисоди пешрафтаи ин минтақа ба шумор меравад.Тибқи барномаи сафар, пас аз чанд лаҳза мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра оғоз меёбад.Хотиррасон бояд намуд, ки дар Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони воломақоми ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






