Оила-сарчашмаи ҷомеа
Хуҷанд, 16 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-15- уми майи соли 2013 дар маҷлисгоҳи факултаи №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Оила-сарчашмаи ҷомеа» баргузор гардид. Дар конфронс ҳайати устодону кормандон ва курсантони факулта иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими оиладорӣ дар байни ҷавонон ташкил карда шуд. Дар конфронс сардори факултаи №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Н. Назаров, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд М. Додобоева ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова дар бораи нақши занон дар таҳкими оила ва ҷомеа дар вилояти Суғд ҳарф зада, мушкилоту масъалаҳои ба занон вобастаро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






