Олами рангини ҷавонӣ
Суғд, 23 май. ( АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- 22 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи факултаи № 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҳафтаи ҷавонӣ вохўрӣ бо аҳли фарҳанги вилояти Суғд баргузор гардид. Мақсади чорабинии мазкур аз баланд бардоштани масъулиятшиносии мутахассисони ояндаи мақомоти корҳои дохилӣ иборат буд. Дар вохўрӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултаи №4, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Н. Назаров дар бораи нақши ҷавонони мамлакат дар рушду нумўи кишвар сухан кард.Дар вохўрӣ шоир, раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод, нависанда Муҳаммад Субҳон ва шоир Руслан Бобоев ширкат варзида, дар бораи олами рангини ҷавонӣ назару ақидаҳои хешро бо шеъру ҳикояҳо иброз намуданд. Дар ин бора муовини сардори факултаи №4 оид ба қисми таълим, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия У. Абдулатипов иттилоъ дод








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






