Парчами ҲХДТ дар қуллаи куҳи Мевағул
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз зиёда аз 100 нафар аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд қуллаи баландтарини куҳи Мевағулро фатҳ намуда, онҷо чун рамзи ифтихор аз ватану ватандорӣ Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами ҲХДТ-ро насб намуданд. Дар ин бора сомонаи расмии ҲХДТ иттилоъ дода, афзудааст, ки ба пешвози рӯзи ҷавонон имсол бо ибтикори «Созандагони Ватан» ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд гузаронидани чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва варзишие, амсоли баргузории конфронси илмии ҳуқуқшиносони ҷавони вилоят, ташкили маҳфили мубоҳисоти сиёсии ҷавонон, рӯзи ягонаи соати сиёсӣ, фестивали шашмақомсароён таҳти унвони «Сӣ лаҳни Борбад» ва барномаи калони консертӣ дар шаҳри Чкалову ноҳияи Ҷаббор Расулов ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






