Пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар сарҳади давлатӣ
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дидбонгоҳи Файзободқалъаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аз кўшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави ҶИА ба ҶТ пешгирӣ карданд. Ҳангоми амалиёт қочоқчиён амри кормандони фавриро дар хусуси таслим шудан рад карда, ба онҳо муқобилати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷа шаҳрванди Афғонистон бо номи Артикулло бо истифода аз мавқеи душвори ҷуғрофии ин қитъаи марзи давлатӣ ба самти муқобил фирор намуда, шарики ў Хайрулло валади Абдуллои 40-сола, сокини улусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузи ҶИА аз пои росташ ҷароҳат бардошт. Номбурда дар ҷойи воқеа боздошт гардида, сипас ба беморхона интиқол дода шуд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 адад таппончаи тамғаи “Макаров” бо 1 тирдону 7 дона тир, 8 килограмму 731 грам маводи мухаддири навъи афюн, ки ба ин қочоқбарон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид. Дар айни замон нисбат ба Хайрулло валади Абдулло ва дигарон аз ҷониби мақомоти тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 195 қисми 3, 200 қисми 4, 289 қисми 4, 335 қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






