Пешгирии мақомоти амният аз қочоқи маводи мухаддир

Май 6, 2013 09:30

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 24 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҳудуди маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе шаҳрванд Ҳомид валади Подшоҳхон, соли таваллудаш 1981, сокини вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт шуд. Азназаргузаронии шахсии мавсуф нишон дод, ки ў 1 килограмм героинро дар қисмати поёни камарбандаш устокорона пинҳон намудааст. Зимни кофтукови манзили истиқоматии Ҳомид валади Подшоҳхон иловатан боз 7 килограмм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид. Кўшиши дигари интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави ҶИА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрел дар ҳудуди минтақаи сарҳадии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пешгиркарда шуд. Ҳангоми амалиёт қочоқбарон ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи задухўрд 1 нафар қочоқчӣ — шаҳрванди Афғонистон, ки алҳол шахсияти пуррааш муайян карда мешавад, безарар гардонида шуд. Зимни азназаргузаронии макони воқеа 1 адад таппончаи тамғаи «ТТ» бо 2 тирдон, 1 борхалта бо зиёда аз 14 килограмм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Боз як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи-Поён» анҷом дода шуд. Ҳангоми гузаштан аз назорати гумрукӣ мошини тамғаи «Тойота» таҳти идораи шаҳрванди ҶИА ҳоҷӣ Ғуломҳайдар валади Астанқул боздошт гардид. Зимни азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз дохили қуттиҳои маводи ороишӣ 4 килограмму 923 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.Дар айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд.

Май 6, 2013 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!