Ректори ДМТ бо Сафири Туркманистон мулоқот кард
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Сафири Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чинор Рустамова бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадисуф Имомов мулоқот кард. Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар бахшҳои маориф ва илм баррасӣ гардида, ҳамчунин ректори ДМТ сафири Туркманистонро бо таърих ва вазъи имрӯзаи донишгоҳ ошно намуд. Ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар тарбияи кадрҳои баландихтисос изҳори ҳавасмандӣ карданд. Зикр шуд, ки дар айни ҳол дар Донишгоҳи миллӣ танҳо 6-донишҷӯйи туркман дар бахшҳои иқтисоду менеҷмент ва геологияву биология таҳсил доранд ва интизор меравад, ки солҳои наздик шумораи онҳо бамаротиб афзояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






