Рушди ҳамкорӣ бо БРАО
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 28 май дар шаҳри Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва раиси намояндагии Бонки рушди АвруОсиё (БРАО) дар Тоҷикистон Рашид Қодиров масоили татбиқи лоиҳаю барномаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика ва кишоварзиро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масоили расонидани ёрии техникӣ ва дастгирии буҷаи Тоҷикистон муҳокима шуданд. Ҷонибҳо натоиҷи аввали сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки дар ҷараёни он баробари имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба бо Президенти Қирғизистон аз рӯи доираи васеи масоили муҳими дорои хусусияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули муфиди афкор баргузор гардид, қайд намуданд. Мусоҳибон ҳамчунин самтҳои ояндадори барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва масоили танзими муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки рушди АвруОсиё ва созмонҳои дигари молию бонкии байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






