Саҳми ҷавонон дар эъмори ҷомеаи демократӣ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде пеш раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, ҳамчунин доираи масоили умдаи вобаста ба самти ҷавонон, ки барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад, бо фаъолҷавонони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мулоқот анҷом дод. Дар доираи мулоқот М. Неъматов доир ба масъалаҳои марбут ба хаёти насли наврас ва ҷавони кишвар сухан ронда, ҷавононро барои саҳм гузоштан дар эъмори ҷомеаи воқеан демократӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуд. Ҳамзамон онҳоро ба муносибати оғози ҷорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон табрику шодбош намуд. Ва баъдан аз қисми ҳарбии 13 483-и ноҳияи Восеъ дидан намуда, бо афсарону сарбозон мулоқот доир намуд. Ёдовар мешавем, ки Маликшо Неъматов ҳамзамон дар расми кушоиши мусобиқаи футболе, ки дар ноҳияи Восеъ ба Рӯзи ҷавонон бахшида шуда буд, суханронӣ намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






