Сафари Ҳ. Зарифӣ ба Бишкек
Душанбе, 27 май (АМИТ «Ховар»).- 26 майи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлаҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд. Зимни ҷаласаҳо Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД оид ба масоили мубрами байналмилалӣ қабул карда хоҳад шуд. Инчунин як силсила ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва робитаҳои зич дар доираи Созмон муҳокима мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






