Сафари кории ҳайати Вазорати корҳои хориҷӣ ба Эрон
Душанбе, 7 май (АМИТ «Ховар»).- Бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 5 майи соли 2013 ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов бо ҳамроҳии сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқо Ардашер Қодирӣ ва сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ Парвиз Додов дар Теҳрон қарор дорад. Ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳӣ ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо роҷеъ ба масоили рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба табодули назар намуданд. Зарурати такони иловагӣ бахшидан ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари бародар ва ба итмом расонидани лоиҳаҳои муштараки нақлиётӣ ва гидроэнергетикӣ таъкид шуд. Зимни сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати эронӣ, ки онро муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ роҳбарӣ менамуд, мулоқот анҷом дод. Дар суҳбат тарафҳо масъалаҳои беҳтар намудани шароити фаъолияти намояндагиҳои дипломатии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ба созиш омаданд, ки вақтҳои наздик шартномаи дуҷонибаи байниҳукуматиро оид ба ин масъала ба имзо расонанд. Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон инчунин бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ароқчӣ доир гашт. Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро муҳокима карда, зудтар баргузор намудани ҷаласаи якуми гуруҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро роҷеъ ба амалисозии Ёддошти тафаҳҳум оид ба ҳамкорӣ, ки моҳи марти соли 2012 сарони се давлат дар шаҳри Душанбе имзо карда буданд, қайд намуданд. Ҷониби эронӣ пешниҳод кард, ки ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Теҳрон даъват шавад. Пешниҳоди мазкурро ҷониби тоҷикистонӣ дастгирӣ намуд. Вохӯрии ҳайати тоҷикистонӣ инчунин бо муовини вазири энергетикаи Эрон Алиризо Доимӣ сурат гирифт. Ҳангоми мулоқот масоили зудтар ба анҷом расонидани сохтмонҳои нақби “Истиқлол” ва НБО “Сангтӯда-2”, ки аз ҷониби ширкатҳои пудратии эронӣ амалӣ мешаванд, баррасӣ карда шуданд. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати муҳокимаи ҳаматарафа ва қабули қарорҳои дахлдор муовини вазири энергетикаи Эрон дар охири моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






