Сафири Афғонистон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 15-уми майи соли равон дар таълимгоҳи мазкур бахшида ба 102-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳомии сулҳ Мирзо Турсунзода конфронси илмии байналмилалӣ доир гардид.Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар конфронс ректори донишгоҳ А.Раҳмонов, сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон Абдулғафури Орзу, сарояндаи маъруфи Афғонистон Алтоф Ҳусайни Сароҳанг ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.Ҷамъомадро ректори донишгоҳ А.Раҳмонов оғоз намуда, зикр кард: «Мо ифтихор мекунем, ки дӯстии миллатҳои ҳамзабон густариш меёбад ва дар конфронсу маҳфилҳову баҳсҳои мо дӯстони азизу арҷмандамон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташриф меоранд ва бо оҳангҳо, бо сурудҳо ва бо шеърҳои пурмуҳтавои хеш қалби моро боз ҳам нарм менамоянд. Аз қадим ин гуна вохӯриҳо буданд ва боиси хушҳолист, ки имрӯз низ идома доранд. Итминони комил дорам, ки дӯстии ду кишвар-Тоҷикистону Афғонистон то абад боқӣ мемонад». Ҳамзамон А.Раҳмонов таъкид дошт, ки шоири ширинсухани тоҷик Мирзо Турсунзода дар Афғонистон низ аз маҳбубияти зиёд бархурдор аст ва ба ашъори ӯ бародарони афғон баҳои баланд дода, ҳамеша шеърҳояшро дар маҳофил қироат менамоянд.Сипас сарояндаи хушовози Афғонистон Алтоф Ҳусайни Сароҳанг баҳри болидагии ҳозирин якчанд суруд сароид.Дар анҷоми ҷамъомад ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ба сароянда Сароҳанг ҷомаю тоқии миллии тоҷикӣ пӯшонида, ба дигар меҳмонон низ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






