Шаҳрвандони Тоҷикистон аз садама зарар надидаанд
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар»). – Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки ҳангоми садама дар роҳи мошингарди вилояти Пензаи Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надидаанд.Назар ба хабари хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР, ин маълумотро дар дафтари матбуоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Пенза тасдиқ намудаанд. Мувофиқи суханони манбаъ, ҳамаи осебдидагони садама сокинони ноҳияи Умари Чувашистон мебошанд.Хотирнишон месозем, ки қаблан баъзе васоити ахбори оммаи Русия бо истинод ба дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Пенза хабар дода будаанд, ки ҳангоми садамаи нақлиётӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок гардидаанд.Ҳоло дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Пенза дар сомонаи расмӣ хабари қаблан паҳншударо рад намуда, хабар медиҳад, ки ҳангоми садама дар роҳи мошингард шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






