Шаби эҷодии Темур Зулфиқоров дар Театри Лоҳутӣ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- 11-уми майи соли ҷорӣ дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ шаби эҷодии нависандаи маъруфи русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров ва ҳунарманд Ирина Ван баргузор мегардад. Темур Зулфиқоров муаллифи китобҳои зиёди назмиву насрӣ буда, теъдоди умумии китобҳои нашрнамудааш аз як миллион бештар аст. Романҳои ӯ дар Русияву Аврупо маъруфият касб карда, бо ҷоизаҳои мухталифи адабӣ қадрдонӣ шудаанд. Соли 1993-ум романи ӯ «Сафари заминиву осмонии шоир» чун «Беҳтарин романи Аврупо» эътироф шуда, бо романи «Масалҳои заррини Хоҷа-Насриддин» ҷоизаи олии адабии Русия- «Ясная Поляна»-ро ба даст овардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






