Шарҳи Прокуратураи генералӣ
Душанбе, 22 май. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳоиҶумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.Мутобиқи ин тағйиру иловаҳо вазъи ҳуқуқӣ, дахлнопазирӣ ва имтиёзҳои судяҳо, прокурорҳо ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тағйир дода шуданд.Ин имтиёзҳо ва дахлнопазириҳо асосан масъалаҳои оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидани онҳо, дастгир ва ҳабс намудани онҳоро ҳангоми содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дарбар мегиранд.Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дар боло зикргардида бо мақсади пешгирии содиркунии омилҳои суиистеъмоли мансаб ва дигар омилҳои коррупсионӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти кормандони ин мақомотҳо равона карда шудааст ва принсипи баробарии ҳар як касро дар назди қонун ва суд таъмин менамояд.Қабули қонунҳои мазкур аз дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд.Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






