Созишномае, ки дар Хелсинки ба имзо расида буд, тасвиб шуд
Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз ҷониби вакилон ба тасвиб расид. «Созишномаи мазкур дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Финляндия 24 окятбри соли 2012 дар Хелсинки ба имзо расонида шудааст», гуфт зимни тавзеҳи санади мазкур Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ҷумҳурӣ. Ҳадафи ин санад канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, инчунин афзун гардидани гардиши савдои байниҳамдигарӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия аст. Вазири молия афзуд, ки Финляндия яке аз нахустин кишварҳост, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намудааст. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид байни ду давлат дар шакли мутақобила ва бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст, ки барои рушди ҳамкории судманд мусоидат менамояд. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар тамоюли зиёдшавӣ дорад, таъкид кард вазир. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давлатҳое, ки созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата баста шудааст, гардиши савдои байниҳамдигарӣ ва сармоягузорӣ мутақобилан афзоиш меёбад. Ба андешаи вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки густариши ҳамкориҳо байни ду давлат дар соҳаи энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати куҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва туризм боз ҳам тавсеа ёфта, ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом мусоидат менамояд. Муқаррароти созишномаи мазкур дар доираи талаботи намунаи конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо, даромад ва сармоя таҳия шудааст. Мавриди зикр аст, ки чунин Созишнома аз ҷониби Тоҷикистон бо 25 кишвари ҷаҳон баста шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






