Тақдими ҷоизаи Ашӯр Сафар

Май 11, 2013 09:41

Кӯлоб, 11 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҳаёту фаъолияти Шоири халқии Точикистон шодравон Ашӯр Сафар чорабинии фарҳангӣ доир шуд. Бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб хона- музей ва китобхонаи шоир бунёд гардидааст, ки дар он беш аз 5000 нусха китоб, дастхату мақола ва асарҳои эҷоднамудаи Ашӯр Сафар маҳфузанд. Дар деворҳои осорхона аксҳои шоир дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он, ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии кишвар аксбардорӣ гардидаанд, гирдоварӣ шудаанд. Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳри Кӯлоб ҷоизаи ба номи Устод Ашӯр Сафар таъсис дода шудааст ва ҳамасола ин ҷоиза дар моҳи май ба беҳтаринҳо супорида мешавад.

Май 11, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш