Таҷлили 5 –умин солгарди Маркази ҳифзи ҳуқуқ

Май 29, 2013 15:56

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар»). – Аз рӯзи таъсиси Созмони ҷамъиятии байниминтақавии «Маркази ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён» дар вилояти Новосибирски Федератсияи Русия 5 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Бердски вилояти Новосибирск маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он намояндагони маъмурияти шаҳру вилоят, Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва ҳамватанони мо ширкат доштанд. Назар ба хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР роҳбари намояндагӣ Асрор Одинаев зимни суханрониаш зикр намуд, ки таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Хадамоти муҳоҷират маҳсуб меёбад. Роҳбари Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён» Исроил Шарифов дар навбати худ перомуни самтҳои асосии фаъолияти марказ нақл кард.

Май 29, 2013 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад