Таҷлили Рӯзи ҷавонон аз ҷониби «Созандагони Ватан»
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дастгирии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсию Сино бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон идомаи аксияи «Насли созанда» дар боғи Дӯстии халқҳо ва соҳили Кӯли ҷавонон баргузор гардид. Дар ҳамоиш дар баробари чорабинии фарҳангӣ, инчунин мусобиқаҳои варзишӣ низ баргузор шуданд.Дар чорабинӣ зиёда аз 3000 нафар ҷавонон, масъулини ҳизбӣ, устодони макотиби олӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Ҷамшед Саидов раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Адҳам Мирсаидов, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигарон ҷавононро бо ид табрик намуда, изҳор доштанд, ки ҷавонон нерӯи бузург, ояндаи давлат ва ифтихори ватани азизи моянд. Ҷавонон бояд ҳамеша аз пайи илму дониш бошанд. Дар чорабинӣ инчунин аз ҷониби ҳунармандони шинохта Ҷаъфар ва Тобиш, дастаи ҳаваскорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва дигар ҳаваскорони ҷавон барои болида намудани табъи ҷавонону меҳмонон сурудҳо сароида шуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкиливу руҳияи идона баргузор шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






